Ю. ПОПОВ: «ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО БАРОИ ТАҲКИМИ РОБИТАҲО РАВОНА МЕСОЗАМ»
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов баррасӣ гардиданд. М. Убайдуллоев дар сӯҳбат бо Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, «аз он мутмаинам, ки бо шурӯъ намудани фаъолияти дипломатии шумо дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, тақвият хоҳанд ёфт». Мусоҳибон муносибатҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими фазои ҳуқуқии робитаҳои ҳар ду кишварро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки табодули таҷрибаҳо дар асоси институти Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: Нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, ки ҳамчун падидаи нав дар низоми парламентаризми кишварҳо нақши муассир гузоштааст дар сатҳи густурда роҳандозӣ мегарданд. Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иктисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар баррасӣ гардиданд. Дар навбати худ Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия тамоми потенсиали хешро сафарбар месозад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






