«ЗАРАФШОН» — БОРИ АВВАЛ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ

Январь 4, 2010 14:56

                 Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дастаи футболи «Зарафшони»-и ноҳияи Панҷакент ба Лигаи Олии футболи кишвар роҳхат гирифт. Дар ин бора раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов дар як номаи расмӣ ба унвони ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ додааст. Дар ин мактуб омадааст, ки дастаи «Зарафшон» дар байни 10 дастаи Лигаи аввал хуб ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи чаҳорум шуд. Аз ин рӯ, ФФТ қарор додааст, то дастаи «Зарафшон» дар қатори 9 дастаи дигар дар соли 2010 дар Лигаи Олӣ номнавис шавад.                   Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки орзуи деринаи дӯстдорони футбол дар водии Зарафшон имрӯз бори нахуст амалӣ шуд ва дар мавсими 2010 бозигарони панҷакентӣ дар Лигаи Олӣ иштирок мекунанд.                      Гуфтанист, ки тими «Зарафшон» дар оғози сабқати Лигаи аввал суст бозӣ мекард, вале дар бозиҳои минбаъда бо ибтикори раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров ба даста чанд бозингари ботаҷриба ҷалб шуда, дар марҳилаи дуввуми Лига тими мазкур бештар хол ба даст овард.                  Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 бори аввал дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии сардори дастаи «Зарафшон» Ҷӯра Турсунов ва мураббии футбол Ҷамшед Баҳромов мактаби хусусии футбол ба фаъолият шурӯъ кард, ки ин бевосита ба рушди минбаъдаи футбол дар водии Зарафшон мусоидат мекунад. 

Январь 4, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст