«ЗАРАФШОН» — БОРИ АВВАЛ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дастаи футболи «Зарафшони»-и ноҳияи Панҷакент ба Лигаи Олии футболи кишвар роҳхат гирифт. Дар ин бора раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов дар як номаи расмӣ ба унвони ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ додааст. Дар ин мактуб омадааст, ки дастаи «Зарафшон» дар байни 10 дастаи Лигаи аввал хуб ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи чаҳорум шуд. Аз ин рӯ, ФФТ қарор додааст, то дастаи «Зарафшон» дар қатори 9 дастаи дигар дар соли 2010 дар Лигаи Олӣ номнавис шавад. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки орзуи деринаи дӯстдорони футбол дар водии Зарафшон имрӯз бори нахуст амалӣ шуд ва дар мавсими 2010 бозигарони панҷакентӣ дар Лигаи Олӣ иштирок мекунанд. Гуфтанист, ки тими «Зарафшон» дар оғози сабқати Лигаи аввал суст бозӣ мекард, вале дар бозиҳои минбаъда бо ибтикори раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров ба даста чанд бозингари ботаҷриба ҷалб шуда, дар марҳилаи дуввуми Лига тими мазкур бештар хол ба даст овард. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 бори аввал дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии сардори дастаи «Зарафшон» Ҷӯра Турсунов ва мураббии футбол Ҷамшед Баҳромов мактаби хусусии футбол ба фаъолият шурӯъ кард, ки ин бевосита ба рушди минбаъдаи футбол дар водии Зарафшон мусоидат мекунад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






