ЗАРАРИ НАЙРАНГБОЗИҲОИ АМОНУЛЛОИ ҚАЮМ

Январь 7, 2010 11:56

                   Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи пешгирии коррупсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиши назорати давлатӣ — молиявӣ ва чораҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ҷонишини сармуҳосиби ШСХ «Барқи тоҷик» бо сӯистифода аз ваколатхои мансабии худ, дар давоми моҳҳои июн – сентябри соли 2009 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби НБО – и ноҳияи Варзоб Аскар Саидаҳмадов, сармуҳосиби «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» Тӯйчӣ Бозоров, таъминотчии «Шабакаҳои барқи ҷануб» — и вилояти Хатлон Сайқутбиддин Салоҳов, роҳбари ҶДММ «Уздечка» Шӯҳрат Давлатов трансформатори тамғаи ТМ 400/35/10 – ро, ки ба ҶСНК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» мансуб буда, дар ҶСП «Энергоремонт» — и шаҳри Душанбе мавриди таъмир қарор дошт, бо роҳи такроран ҳуҷҷатгузорӣ намудан, ба «Шабакаҳои барқи ҷануб» — и вилоят Хатлон ба маблағи 1 млн. 255 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағро ғайриқонунӣ аз худ намуданд.                    Дар ҷараёни тафтиш 673 ҳазору 650 сомонӣ маблағи азхудкардашуда ба буҷаи давлат ворид карда шуд.                   Кормандони Агентӣ нисбати тасарруфкорон аз рӯи аломатҳои дар моддаи 245 қ.4 (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ пешбинишуда тафтишот мебаранд.

Январь 7, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд