ЗАРАРИ СОҲИБКОР БА «ТОҶИКСЕМЕНТ» 116 ҲАЗОР СОМОНӢ

Январь 8, 2010 10:04

                  Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти шуъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, соҳибкори инфиродӣ Тошаков Мирзоалӣ Ғоибович ба КВД «Тоҷиксемент» ва ҶДММ «Умедҷон — 2001» дар давоми солҳои 2005 — 2006 дар асоси тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳосибавии аз номи ҶДММ «Умедҷон — 2001» пешниҳод кардааш аз КВД «Тоҷиксемент» дар 27 ҳолат ба маблағи 116 ҳазору 658 сомонӣ 512 тоннаю 190 кг сементро, ки гӯё ба сифати пардохти молҳои аз тарафи ҶДММ «Умедҷон — 2001» ба ин корхона воридшударо азони худ карда, ба манфиати худ истифода кардааст. Номбурда бо ин амали худ ба давлат ба маблағи 116 ҳазору 658 сомонӣ зарари модӣ расонидааст.                  Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ нисбати М. Ғ. Тошаков аз рӯи аломатҳои ҷиноятӣ, ки дар моддаи 340 қ .2 бандҳои «а» — «б» (сохтакорӣ), 245 қ.4 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) –и КҶҶТ тафтишот мебаранд.

Январь 8, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд