ЗАРАРИ ЗАМИНЛАРЗАИ ВАНҶ МУАЙЯН КАРДА ШУД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар бораи зарари дар натиҷаи заминҷунбӣ ба аҳолии ноҳияи Ванҷ расида, ки комиссияи давлатӣ муайян кардааст,иттилоъ доданд, ки заминҷунбие, ки 2 – юми январи соли 2010 дар соати 7 – у 15 дақиқаи пагоҳӣ таконеро дар километри 80 – уми қисмати шимолиии шаҳри Хоруғ – (маркази Бадахшон) ва 235 км шарқии Душанбе аз рӯи ҷадвали рихтерӣ 5,3 бал ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин заминларза 20 деҳаи 2 ҷамоат зарар дидааст. Асосан зарари бештар ба деҳаҳои Гишхун, Рохарв, Пуниду, Пуни Ҷугунӣ, Бичхарв, Роғ, Бодавд, Даштироғ, Панҷшанбеобод ва ҳамчунин деҳаи Жамаки ҷамоати Язгулом расидааст, ки зарари умумии онро комиссия дар ҳайати мутахассисон аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ, Институти сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовари сейсмологӣ, Сарраёсати геологӣ ва Агентии сохтмон ва меъморӣ ба андозаи 6 млн.609 ҳазору 488 сомонӣ муайян намуданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар натиҷаи заминларза 15 ҳайвони калони шохдор талаф ёфта, 1283 хона хисорот дидааст, ки 28 — тои он пурра хароб гардида, 107 хона дар ҳолати садамавӣ, 130 хона қисман ва 135 хона ба кӯчонидан эҳтиёҷ дорад. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 15 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 дармонгоҳ ва беморхона, 10 муассисаи маданӣ — маишӣ, 35 иморатҳои маъмурӣ, 4,5 км роҳи автомобилгард, 10,5 км хатти алоқа, 1,8 км хатти барқ, 5,8 км системаи обёрӣ аз кор баромаданд Ба зарардидагони ноҳия пайваста кӯмакҳои башардӯстона ворид карда мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






