ЗИЁДА АЗ 45 ҲАЗОР БЕКОРОН БА ҶОЙИ КОРИИ ДОИМӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар соли 2009 беш аз 630 ярмаркаҳои хурду калони ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуданд, ки тавассути он зиёда аз 45 ҳазор бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, дар робита ба таъмини шуғли босамари бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ тайи соли ҳисоботӣ беш аз 10,2 ҳазор нафар бо курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ аз рўи зиёда аз 40 ихтисосҳои коргарии дар бозори меҳнат эҳтиёҷдошта фаро гирифта шуданд. Дар соли 2009 кормандони соҳаи роҳнамоии касбӣ ҷамъ ба 22313 нафар хизмати касбӣ расониданд. Ба ҳолати 31 декабри соли ҳисоботӣ 185 ҳазору 41 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки ин нишондиҳанда иҷроиши 193,8 фоизаи нақшаи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолиро дар соли 2009 ва 102,8 фоизаи супориши Президенти кишварро ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






