ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ВАКИЛ МЕШАВАД?
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 феврал раиси вилояти Суғд, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №63-и ноҳияи Б.Ғафуров Қоҳир Расулзода дар ҷамоати Қистакӯз бо интихобкунандагон мулоқот кард. Дар ин мулоқот наздик ба 300 нафар сокини ҷамоати мазкур, мардумони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва дигарон ширкат намуда, бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №63-и ноҳияи Б.Ғафуров шинос шуданд. Номзадии Қ. Расулзода ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Зимни суханронии хеш Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки дастовардҳои солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси ин ҳизб, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






