ҲАНГОМИ ГАРМ НАМУДАНИ МУҲАРРИК «МЕРСЕДЕС» ОТАШ ГИРИФТ

Февраль 22, 2010 15:14

          Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 19 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 65 ҳазору 055 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 467 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 11, вилояти Хатлон – 1, шаҳри Душанбе – 5, ноҳияҳои Ҳисор ва Ваҳдат — 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.  16 феврали соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами давлатиаш ЕК 35 02 РТ 02, Фурқат Бобоқулов ҳангоми гарм намудани муҳаррики автомашина дар кӯчаи ба номи Саидови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд беэҳтиётӣ карда, сабаби сар задани сӯхтор шуд. Сӯхтор дар масоҳати 2 метри мураббаъ паҳн шуда, чархҳои пеш ва муҳаррики автомашинаи мазкурро сӯхта корношоям кард. Зарар аз сӯхтор 2 ҳазору 900 сомониро ташкил намуд. Бояд қайд намуд, агар амалҳои фаврии оташнишонон намебуд, масоҳати сӯхтор ва зарар метавонист чандин маротиба зиёдтар бошад.             Инчунин, шаби 18 феврали соли ҷорӣ дар бинои Хонаи Маданияти шаҳри Табошар, воқеъ дар кӯчаи Ленин, сӯхтор ба амал омад. Бо қабули бонги хатар оташнишонон ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозиршуда, сӯхторро дар муддати кӯтоҳ хомӯш намуданд. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 1,5 метри мураббаъ молу амвол ва фарши ҳуҷраи таъмири таҷҳизотҳо сӯхта зарар диданд. Нисбат ба ҳодисаи ба амал омада тафтишот бурда, сабаб, гунаҳгор ва зарар муайян карда мешаванд.  

Февраль 22, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд