ҶАЛБИ ТАВАҶҶӮҲИ САЙЁҲОНИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 10, 2010 17:10

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 феврали соли ҷорӣ дар павилони марказии №5 Намоишгоҳи байналмилалии Брюссел бори нахуст таҳти унвони «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» намоишгоҳ ташкил карда шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ҳадафи чорабинии мазкур муаррифии Тоҷикистон, сохти сиёсӣ, таърих, тамаддун, имрӯзу фардои он, ҷолибияти кишвар аз нигоҳи сармоягузорӣ ва сайёҳӣ мебошад. Намоишгоҳ бо Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои «Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонов», асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «The Tajiks in the Mirror of  History, Volume one from the Aryans to the Samanids» – ҳамчун таҷассуми давлатдорӣ ва ақлу хиради олии сиёсатмадори даврони мо, оғоз гардид. Ба таваҷҷӯҳи тамошобинон ҳамчунин 8 ҷилди Энсиклопедияи Тоҷикистон, китобҳои академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон», «Ориённома» ҷилдҳои якум ва дуюм, олими исроилӣ Mikoel Zand — «Abuabdullo Rudaki – the founder of the Tajik Classic literature», олими эронӣ Саид Нафисӣ — «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» пешкаш гардид. Қисмати сеюми намоишгоҳ аз асарҳои рассомони тоҷик «Дараи Варзоб», «Дастурхон»,  сӯзаниҳои «Чодари арӯсӣ», «Пероҳани тӯӣ», асбобҳои мусиқии миллии тоҷчикӣи (дутор, тор, ғижжак,  дойра, табл)  ва дигар экспонатҳое, ки то ҳадди имкон дар бойгонии Сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷамъ карда шудаанд, иборат буд. Дар қисмати чаҳоруми намоишгоҳ маршрутҳои туристии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳо, ҳамчунин хатҳои парвози ширкати миллии Тоҷикистон «Сомон эйр» ва ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати ҳавопаймоии Иттиҳоди Аврупо «Air Baltic» муаррифӣ гардиданд. Гуфтанист, ки барои ҷолиб сохтани намоишгоҳ ва тарғиби меҳмоннавозии миллии тоҷикон  шириниҳои тоҷикӣ омода карда шуда, бо чойи гарм пешкаши хориҷиён гардид. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел бошад, бо либосҳои миллии тоҷикӣ, қабили кулоҳ, ҷома ва кафши (ҷӯроби) миллӣ, мутаносибан, ҳамчун роҳнамо ва мизбон меҳмононро қабул намуда, бо онҳо дар тамос гаштанд. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми кори намоишгоҳ бо як қатор ширкатҳои туристӣ, ки ба Тоҷикистон рағбат пайдо карданд, гуфтушунид ва созиш баста шуд.

Февраль 10, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад