ҶАРАЁНИ ОВОЗДИҲӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Февраль 28, 2010 13:40

       Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Раиси қитъаи овоздиҳии рақами 11/13 ноҳияи Фирдавсӣ, директори мактаби миёнаи №58 Саидалӣ Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то соати 10 дар ин ҷо 20 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Дар қитъаи интихоботии мазкур 1556 нафар ба қайд гирифта шудааст.        Аъзои комиссияи интихобот қабл аз кушода шудани қитъаи интихоботӣ аввалин шуда овоз доданд. Баъди онҳо соати 6 – и субҳ сокини кӯҳансолтарини маҳалла – пирамарди 70 – сола ба қитъаи интихоботӣ омад. Инчунин яке аз аввалинҳо шуда, 64 нафар ҷавонон овоз доданд.        С.Қурбонов зикр намуд, ки дар ҳудуди қитъаи овоздиҳӣ 27 нафар шахси солхӯрдаю бемор ва маъюб зиндагӣ мекунад. Аъзои комиссия қуттиҳои овоздиҳиро ба хонаи онҳо бурданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва нозирони байналмилалӣ ба қитъаи овоздиҳӣ омада, ба ҷараёни иштироки интихобкунандагон баҳои хуб доданд. То ин лаҳза дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон камбудӣ мушоҳида нашудааст, гуфт С.Қурбонов. 

Февраль 28, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад