34 ХОҶАГӢ АЗ БУНИ ҲИСОРАК КӮЧОНИДА МЕШАВАД

Февраль 6, 2010 09:59

Душанбе, 6 феврал. АМИТ  «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе доир ба оғози марҳилаи дуюми сохтмони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳраки «Донишҷӯён», воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак дар масоҳати 8,8 га ва идомаи сохтмони гимназия- интернати  ҷумҳуриявӣ барои 1000 нафар лаёқатмандон, воқеъ дар маҳаллаи Панҷрӯд 5 феврал дар ҷаласае, ки дар ҳузури  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳр иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки дар ҳудуди лоиҳавии фарогири марҳилаи дуюми сохтмони ДМТ тибқи Нақшаи генералии соли 1983 тасдиқгардидаи шаҳри Душанбе 34 хоҷагӣ айни замон тариқи бунёди  манзилҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак сукунат доранд. Дар робита  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзилҳои зикргардида, ки қитъаи заминашон барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифта мешаванд, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи ҳар кадомеро барои тибқи қонунгузории амалкунанда таъмин намудани манзил мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар сурати муайян шудани  иншооти ғайриқонунӣ бунёдгардида баҳри дастгирии иҷтимоии оилаҳо масъалаи бо 50%-и иҷорапулӣ  аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ таъмин намудани квартираҳо  ва аз ҳалқаи сеюми шаҳр барояшон ҷиҳати сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаҳои замин ҷудо намудан унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол намоянд.  Ҳамзамон  зикр шуд, ки дар сурати тариқи судӣ мусбӣ ба фоидаи соҳибмулкон ҳал гардидани сохтмонҳои ғайриқонунӣ шаҳрдорӣ омодааст бо пардохти иҷорапулиҳои супоридашудаи шаҳрвандон аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ квартираҳо таъмин созад.  

Февраль 6, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд