45 ФОИЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН ТО СОАТИ 11 РАЙЪ ДОДАНД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси участкаи интихоботии 1 ҳавзаи интихоботии 3, ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар бинои «Идораи коммуналии Кумитаи нафту газ ва ангишт» (кӯчаи Мушфиқӣ, 79) Давлаталӣ Сафаров хабар дод, то соати 11 рӯзи 28 феврал зиёда аз 45 фоизи интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок карда ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. «Аз рафти омодагиҳо ба интихобот дар участкаи интихоботии мазкур нозирони байналмиллалӣ Ларс Лосберг ва Ирен Ратлер — намояндагони Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо назорат бурда камбудӣ ва қонуншиканиҳоро ба мушоҳида нагирифтанд», — изҳор кард Д.Сафаров.Ҳамчунин, нозирони маҳаллӣ аз ҲНИТ Давлатова Ситора ва нозир аз ҲХДТ Музаффаров Тоҷиддин ҳангоми сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рафти интихобот қаноатманд буда камбудӣ ва қонуншиканӣ ба мушоҳида нагирифтаанд. Мавриди зикр аст, ки дар участкаи интихоботӣ 1 ҳазору 319 интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 61 нафар бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






