45 ФОИЗИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН ТО СОАТИ 11 РАЙЪ ДОДАНД

Февраль 28, 2010 12:50

             Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси участкаи интихоботии 1 ҳавзаи интихоботии 3, ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар бинои «Идораи коммуналии Кумитаи нафту газ ва ангишт» (кӯчаи Мушфиқӣ, 79) Давлаталӣ Сафаров хабар дод, то соати 11 рӯзи 28 феврал зиёда аз 45 фоизи интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок карда ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.           «Аз рафти омодагиҳо ба интихобот дар участкаи интихоботии мазкур нозирони байналмиллалӣ Ларс Лосберг ва Ирен Ратлер — намояндагони Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо назорат бурда камбудӣ ва қонуншиканиҳоро ба мушоҳида нагирифтанд», — изҳор кард Д.Сафаров.Ҳамчунин, нозирони маҳаллӣ аз ҲНИТ Давлатова Ситора ва нозир аз ҲХДТ Музаффаров Тоҷиддин ҳангоми сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рафти интихобот қаноатманд буда камбудӣ ва қонуншиканӣ ба мушоҳида нагирифтаанд.          Мавриди зикр аст, ки дар участкаи интихоботӣ 1 ҳазору 319 интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 61 нафар бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд.

Февраль 28, 2010 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд