АБАРМАРДЕ ДАР ДУНЁИ СИЁСАТ, ИЛМ ВА ФАРҲАНГ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «ХОВАР», Ҳотам Рабиев). Ҳисси баланди миллатдӯстӣ, ҷасорати беҳамто, масъулияти хеле бузург ба Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ҷони қариб 100 ҳазор нафарро аз ранҷу машаққатҳои бадарғагию зиндон ва ҳатто марг дар солҳои 50-уми асри гузашта раҳо намояд. Воқеан устод Бобоҷон Ғафуров чун сиёсатмадори шӯҳратёр, чун таърихнигори дақиқназар, олими пухтакору пурмаҳсул, сарвари оқилу доно, фидоию қаҳрамони миллат, барои миллати тоҷик хизмати арзандаеро ба ҷо овардааст, ки ин ҷо мехоҳем як лаҳзаи корнамоии ӯро ёдрас намоем. Ин ҳодисаро олими машҳури тоҷик Аҳрор Мухторов дар китоби «Академик Бобоҷон Ғафуров» Душанбе, соли 1998 менависад: «Боз як масъалаи барои Б. Ғафуров ва миллати мо ниҳоят душвору хавфнок он буд, ки солҳои 50-ум таъқибу ҳабскуниҳои солҳои 30-ум аз нав cap зад. Aз рӯи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказӣ барои тамоми Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи ба ҳабс гирифтани миқдори муайяни одамонро ба маҳалҳо фиристода буд. Воқеаҳои марбут ба ин фармонро Б.Ғафуров ба яке аз дӯстон ва ҳамкорони худ аз Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Москва, аъзои АУ ИҶШС Бонгард Левин, ҳангоми сафарашон ба Фаронса чунин иброз доштааст: Аз рӯи нақшаи Москва мебоист дар ҳудуди Тоҷикистон 120 ҳазор одамро ҳабс ва бадарға намоем. Ин кори душвор ва иҷронашаванда буд. Ман аз куҷо дар ҳудуди хурди Тоҷикистон 120 ҳазор «душмани ҳукумат» пайдо карда метавонистам? Азбаски план иҷро нашуда буд, маро ҳамроҳи раиси Кумитаи бехатарӣ ба Москва даъват намуданд. Он вақт аз Душанбе то Москва бо поезд сафар мекарданд. Мо дар меҳмонхонаи «Москва» сокин шудем. Он солҳо роҳбарият ва мо ҳам шабҳо кор мекардем. Ба раиси КБД гуфтам, ки дар меҳмонхона бошад ва ман танҳо ба назди Л.П.Берия меравам. Агар то соати 4 шаб барнагардам ту бояд гурезӣ, чунки ҳабс мекунанд. Л.П.Берия маро бо қаҳру сарзаниш қабул намуда, суол дод, ки барои чӣ мо дар Тоҷикистон планро иҷро намекунем? Ғафуров ҷавоб мегӯянд: «Лаврентий Павлович ҷумҳурии мо майда, одамаш кам аст. Агар 120 ҳазор одам ҳабс шавад, мо бо кӣ кор мекунем»? Дар ҷавоб Берия мегӯяд, ки ба назди шеф (яъне И. В. Сталин) рафта ҳисобот деҳ! Дар қабулгоҳи И.В.Сталин Поскребищев менишаст. Ӯ бо Ғафуров муносибати мӯътадил доштааст. Вале ин навбат Поскребищев рӯяшро ба тарафи тиреза гардонида чунин вонамуд кардааст, ки гӯё Ғафуровро бори аввал мебинад. Ӯ ба И.В.Сталин аз омадани Ғафуров хабар медиҳад. Саволи Сталин ҳам ҳамон суоли Берия буд. Ҷавоби Ғафуров такрор мешавад. Сталин савол мекунад, ки барои чӣ раиси КБД ҳамроҳ наомад? Ғафуров ҷавоб мегӯянд, ки ӯ бемор шудааст. И.В.Сталин бовар накарда гуфтааст, ки «не, ӯ тарсида назди ман наомад»! Сталин ҳам мисли Берия дашноми қабеҳ дода, ба Ғафуров мегӯяд: «Рав! Агар дар Тоҷикистон шӯрише cap занад, аввал ман туро мепарронам»! Воқеан, миллати бо нангу номуси тоҷик абармандоне дорад, ки фахри ин миллатанд. Рустами Достон, Шераки Далер, Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Аҳмадшо Масъуд аз ҷумлаи ин абармардон буда, дар сарнавишти миллати тамаддунофари тоҷик нақши басо ҳалкунанда бозидаанд. Оре, ёд овардан аз кору пайкори бузургон дарси ибратест барои ояндагон.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






