АМРУ ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Салимзода Шерхони Одина бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №785 Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобохонов Б.К. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Бобохонов Бобоҷон Каримович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №786 Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода Шерхони Одина Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Салимзода Шерхони Одина Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №788 Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шермуҳаммад Шоҳиён Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Шермуҳаммад Шоҳиён бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №781 Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азизов З.Н. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Азизов Зафар Нусратович Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №782 Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 21 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомов А.Х. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Имомов Азизмат Холматович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Додобоев А.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Додобоев Абдусамӣ Содиқович аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №787 Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 24 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озод намудани Хайринисо Юсуфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Хайринисо Юсуфӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 22 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳақдодов М.М Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 26 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод намудани Саъдуллоев С.Ч. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Саъдуллоев Сафаралӣ Чилаевич аз вазифаи муовини Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 28 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод намудани Исоев Ш.О. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Исоев Шариф Олимович аз вазифаи муовини Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 27 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод намудани Холназаров Н.Д. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Холназаров Нурмаҳмад Дӯстович аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ф А Р М О Н И ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод намудани Кинжаева М.Ҳ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н медиҳам: Кинжаева Мунавар Ҳодиевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 30 январи соли 2010 №783 Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 25 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» озод намудани Низом Қосим пури Ҷаҳонгир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Низом Қосим пури Ҷаҳонгир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директории Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қ А Р О Р И Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2010 № 23 ш.Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа озод намудани Муродов И. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад: Муродов Исуфалӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон АМРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 январи соли 2010 № 8 — ф ш.Душанбе Баротов Рустам Оқилович барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ ва роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон