АЗ ҚАЛЛОБОН ЭҲТИЁТ

Февраль 15, 2010 10:22

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шавкат Сангов тез ба дили шаҳрванд «Р» роҳ ёфту ӯро ба доми фиреб кашид. Шаҳрванд «Р» пай бурд, ки ӯ ба доми қаллоб афтодааст, ба Сарраёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия бо  ариза муроҷиат намуд, ки Ш. Сангов барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш 3 ҳазор доллар талаб дорад. Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ — тафтишотӣ 12 – уми январи соли 2010 Шавкат Сангов ҳангоми гирифтани 200 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд ва   200 доллари амрикоӣ ҳачун далели шайӣ ёфта гирифта шуд. Нисбат ба  ҷинояти содиркардаи Ш. Сангов аз тарафи Раёсати тафтишоти агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия бо моддаи 247 қ.4 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеият ба Прокуртураи Генералӣ ирсол гардид. Дар прокуратура  парвандаи ҷиноятии қаллобро саҳифабандӣ мекунанд ва рӯзҳои наздик барои моҳиятан дида баромадан ба суд пешниҳод мегардад.

Февраль 15, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд