АЗ БЕЭҲТИЁТӢ «ГАЗЕЛ» СӮХТ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодоми вилояти Суғд, ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ дар автомашинаи шахсии тамғаи «Газел» рақами давлатиаш АЕ 46 62 РТ 02 сӯхтор ба амал омад. Автомашинаи мазкур ба Абдуюсуф Абдуллоеви 45 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров тааллуқ дорад. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, сӯхтор дар масоҳати 10 метри мураббаъ паҳн шуда автомашинаро корношоям гардонд. Сабаби ба амал омадани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқии автомашинаи мазкур мебошад. Зарар аз сӯхтор 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Гунаҳкор ронандаи автомашина мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






