АЗ ТОШКАНД БА «ХОВАР» МАКТУБ РАСИД
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатномаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба халқи Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар сохтмони НБО- Роғун ва комёб шудан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ҷонибдорӣ намуда, 5 фоизи маоши солонаи худро ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби ин иншооти бузурги аср гузарониданд. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сафорат қаблан аз ҳисоби маоши кормандон ва имкониятҳои мавҷудаи Сафорат ба суртҳисоби НБО Роғун 21 ҳазор сомонӣ маблағ интиқол дода буд. Дар маҷмӯъ кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба суртҳисоби НБО «Роғун» беш аз 115 ҳазор сомонӣ муодили 26 ҳазор доллари амрикоӣ гузарониданд. Ҳамзамон, Сафорат ҷиҳати таблиғи иқдоми мазкур тавассути ваосити ахбори оммаи Ӯзбекистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар саҳифаи махсуси ҳафтаномаи «Туркистон-пресс» таҳти унвони «Набзи Тоҷикистон» силсиламақолаҳоро нашр намудааст. Дар ин самт корҳо идома дошта Сафорат ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ, байни сафорату созмонҳои байналмилалии муқими Тошканд, ҷамъияти тоҷикон, хусусан корчалону соҳибкорон дар ин кишвар фаъолиятҳо мебаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






