БА ҚОНУНГУЗОРИИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Февраль 22, 2010 17:13

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Котиби  матбуоти Хадамоти  федералии  муҳоҷирати Федератсияи  Русия  Константин  Полторанин дар  Душанбе  зимни  сӯҳбат бо  хабарнигорон  изҳор  намуд, ки   дар  маҷлиси  навбатии  Думаи  давлатии  мамлакат  то  охири  моҳи  феврал лоиҳаи   қонуни федералӣ «Дар  бораи  даровардани  тағйирот ба  қонунии  федералии  вазъи  ҳуқуқии  шаҳрвандони  хориҷӣ  дар  Русия  ва  кодесҳои   андозу  буҷет»  муҳокима  карда  мешавад. Ба  қавли  ӯ, ояндаи  наздик  дар  Русия  барои  ба  кор  қабул  намудани  муҳоҷирон  патент ҷорӣ  карда хоҳад шуд.  Патент асосан  барои шаҳрвандони  хориҷие  пешбинӣ  карда  шудааст, ки  дар  сектори  хусусӣ  кор  карда,  коргарони  муҳоҷирро  барои  тармими  хонаҳо,  кор  дар  деҳот  ва хизматгорӣ киро  мекунанд.  Патент дар  ҳамаи шӯъбаҳои  бонкҳои  мамлакат  фурӯхта  мешавад.  Шаҳрвандони  хориҷӣ   патентро  аз  шӯъбаҳои бонк  ба  маблағи  1000  рубл  харида,  баъдан  ҳар  моҳ 1000  рубли  дигар  пардохта,  мӯҳлати  эътибори онро  дароз  мекунанд.  Дар  мавриди  бе ягон  ҷазои  маъмурӣ  кор  кардани  шаҳрвандони  хориҷӣ   мӯҳлати  эътибори  патент  6  моҳ  дароз  карда  мешавад. Аз  рӯи  маълумоти  Хадамоти  федералии  муҳоҷирати  Русия,  то  18  феврал  дар  сектори  хусусии Русия аз  400 то  600  ҳазор  шаҳрванди  Тоҷикистон кор  мекард. Ин  нисбат ба  давлатҳои  дигари  ИДМ  зиёд  мебошад. Соли  2009  аз  Тоҷикистон  ба  Русия  954 ҳазор  нафар   барои кор рафта  буд,  танҳо   моҳи  январи соли 2010  Тоҷикистонро  72  ҳазору  633  нафар  бо  мақсади  мардикорӣ  тарк  намуд. Айни  ҳол  дар  қаламрави  Русия  919  ҳазору  562  шаҳрванди  Тоҷикистон  кор  мекунад. 16  ҳазор  нафари онҳо  барои  кор  кардан  иҷозатнома  гирифтаанд.  Барои онҳое, ки  дар  Русия  иҷозатномаи  фаъолият  доранд,  кафолатҳои  иҷтимоию  ҳуқуқӣ  дода  мешавад.  Моҳи  январи  соли  2010 дар  Русия  ба 3063  мардикори тоҷик  иҷозатномаи  кор  дода шуд.  Соли  2009 – ум 4276   шаҳрванди  Тоҷикистон ва  моҳи  январи  соли  2010  — ум  86  мардикори тоҷик  аз  қаламрави  Русия  ронда  шуд. Ояндаи  наздик дар  Русия танҳо   мутахассисони   варзида  бе ягон  мамониат   ба  кор  қабул  карда  мешаванд.  Оянда  зимни  қабули   коргарони  муҳоҷир  ба  кор  ихтисос ва  забони русиро  донистани онҳо  ба  назар  гирифта  хоҳад  шуд. К.Полторанин  таъкид  кард,   шаҳрвандони  Тоҷикистон,  ки  дар  қаламрави  Русия  бо  патент  кор  мекунанд,  ба  ҳисоби  умумии  коргарони  муҳоҷир  дохил  намешаванд. Котиби  матбуоти  Хадамоти  федералии  муҳоҷирати  Русия   дар  бораи  рафти  иҷрои  Барномаи  давлатии  мусоидат  ба  бозгашти  ихтиёрии ҳамдиёрони  хориҷӣ  ба  Федератсияи  Русия  сухан  ронда,  ёдовар  шуд, ки  ихтиёриён  айни  ҳол  дар  20  минтақаи  Русия  қабул  карда  мешаванд.  Шумораи  чунин  минтақаҳо  ояндаи  наздик  ба  30  мерасад. К.Полторанин  дар  фарҷоми  нишасти  матбуотӣ ёдовар  шуд, ки  роҷеъ ба  ҳамаи  масъалаҳои  бозгашти  ихтиёрӣ  ба  Русия  ба намояндагии  Хадамоти  Федералии  муҳоҷирати  Русия  дар  Тоҷикистон  муроҷиат  кардан  лозим  аст.

Февраль 22, 2010 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд