БА КОРИ ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БОРИДАНИ БАРФИ ЗИЁД МОНЕА ЭҶОД НАКАРД

Февраль 10, 2010 16:53

Душанбе, 10 феврали. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Боридани барфи зиёд ва сардиҳо ба фаъолияти фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе монеа эҷод накард. Парвози ҳавопаймоҳо дар ҳамаи самтҳо мувофиқи ҷадвали корӣ амалӣ гаштанд. Рейсҳои дохилӣ ва беруна хусусан ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Алма-ато, Бишкек, Дубай, Шарҷа, Урумчи ва дигар минтақаҳо мувофиқи ҷадвали парвозҳо сурат гирифтанд. Қабули ҳавопаймоҳои 19 ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе мувофиқи ҷадвали фурудоӣ сурат гирифт. Аз ҷониби хадамоти хизматрасонии заминии фурудгоҳ барои тоза кардани барф 15 адад механизм ва техникаҳои махсус ба кор дароварда шуд. Ҳамчунин барои омода намудани ҳавопаймоҳо ба парвоз дар ин шабу рўз 19 адад механизм ва техникаҳои махсус кор карданд. Махсусан барои аз барф ва яхбандӣ тоза намудани ҳавопаймоҳо аз оби гарм ва реагент-химикатҳои махсус истифода шуд. Дар маҷмўъ барои баратараф намудани оқибати боридани барфи баланд 34 адад техникаҳои гуногуни махсус ба кор омода карда шуданд. Тавре аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, натиҷаи кори пурсамари кормандони фурудгоҳ буд, ки дар ин рўзҳои сард ҷадвали парвоз ва қабули ҳавопаймоҳо риоя гардида, қафомонӣ аз ҷадвал мушоҳида  нашуд.

Февраль 10, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид