БАЧАҲОИ БОХТАРИЁН СОҲИБИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ГАРДИДАНД

Февраль 4, 2010 08:54

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар қисмати аввали мактаби нави замонавии №19 сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани мактаби нав вазири маорифи ҷумҳурӣ  Абдуҷаббор Раҳмонов ва раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим  Исмоилов ширкат намуда, ба мактаббачагон дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ хониши аъло ва интизоми намунавӣ орзу карданд. Қисмати аввали мактаби мазкур дар муддати 5 моҳ тавассути  лоиҳакашию дастгирии Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Сохтмон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағи 880 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Бинои мактаб ду ошёна  буда, дорои 10 синфхона аст, ки  дар 1 баст 240 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,  хонандагону омӯзгорон ва сокинони ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар қомат афрохтани мактаби навро дер боз интизор буданд. Зеро мактаби пешинаи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошту мактаббачагон дар боғчаи кӯдакон таҳсил менамуданд. Вазири маориф ба масъулини соҳа ҷиҳати оғози корҳои сохтмони қисмати дуюми бинои таълимӣ ва ба истифода додани он дар соли нави хониши 2010-2011, тахту ҳамворкунии ҳавлии атрофи мактаб ва шинонидани дарахтони ороишию мевадиҳанда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Февраль 4, 2010 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд