БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА В.ЯНУКОВИЧ
Имрӯз, 12 феврали соли 2010, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Украина Виктор Янукович ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаб барқияи шодбошӣ равон кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Виктор Федорович! Табрикоти маро ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби олии Сарвари Украинаи дӯст қабул фармоед. Мо ба муносибатҳои зичи мавҷудаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар, ки ҷавобгӯи манфиатҳои милламон мебошанд, баҳои баланд медиҳем. Боварӣ дорам, ки муносибатҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Украина дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва бо назардошти манфиати ҷонибҳо густариши нав меёбад Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори омодагӣ мекунам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо барои рушди минбаъда ва густариши амиқи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ҷидду ҷаҳд ва талош хоҳем кард. Иҷозат диҳед ба Шумо мӯҳтарам Виктор Федорович саломатӣ ва муваффақият дар мансаби Президентии Украина ва ба халқи дӯсти украин сулҳ ва ободиро орзу намоям.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






