БАРОИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАН МАБЛАҒ ЗАРУР АСТ

Февраль 15, 2010 07:30

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). —  Аз  корхонаи  воҳиди давлатии  «Муассисаи  роҳи  оҳани  Тоҷикистон» ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки барои  сохтмони роҳи  оҳани  Ваҳдат —  Ёвон  маблағи  калон  зарур  аст. Дарозии  роҳи  мазкур  46  километр  буда,  барои  сохтмони он  бештар  аз  120  миллион  доллари  ИМА  талаб  карда  мешавад. Қайд  карда  мешавад, ки  танҳо  муассисаи  роҳи  оҳани  мамлакат  аз  ӯҳдаи  ҷудо  кардани  ин  қадар  маблағ  баромада  наметавонад.  Бинобар  ин  манбаи  сармоягузории  хориҷиро  пайдо  кардан  зарур  аст.  Айни  ҳол  сохтмони  5,2  километр  роҳи  оҳани  оянда ба  нақша  гирифта  шудааст.  Ба  нақшагирии  41  километри  боқимондаи  роҳ  идома  дорад. Роҳи  оҳани Ваҳдат  — Ёвон  қисмати   марказии  мамлакатро  бо  вилояти  Хатлон  мепайвандад. Дар  натиҷа   зарурати  аз  қаламрави  Ӯзбекистони  ҳамсоя  гузаштани  қатораҳои роҳи  оҳан  аз  байн  меравад.  Айни  ҳол   барои ба  даст  овардани  маблағ  гуфтушунидҳо  давом  доранд.

Февраль 15, 2010 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд