БАРРАСИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор гардид. Муовини вазири молия, раиси комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, қайд намуд, ки бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории хаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом медиҳад. Дар баромади худ сардори бахши Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдуқодиров оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иштирокчиёни семинар-машварат маълумот дод ва қайд намуд, ки Қонуни мазкур барои беҳтар намудани сатҳи зиндагонии мардум ва кам кардани сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаовар аст. Дар семинар-машварат оиди рафти иҷроиши Қонуни мазкур дар ҷумхурӣ дар соли 2009, кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар солхои 2010 — 2012 ва инчунин иштироки фаъолонаи кормандони Вазорати молияи ҷумҳурӣ оиди хариди саҳмияҳои ҶСК НБО «Роғун» муҳокима гардид. Дар фарҷом муовини вазири молияи ҷумхурӣ Ҷ. Норинов қайд намуд, ки ҳамаи қарору қонунҳо, дастуру супоришхое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, Вазорати молияи ҷумҳурӣ онро сари вақт иҷро менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






