«ЧАРОҒИ УММАТ» ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ.

Февраль 2, 2010 16:25

Восеъ, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Шӯъбаи  фарҳанги  ноҳияи  Восеъ  дорои  30  китобхона буда, 117 ҳазору 64  нусха  китоб  дар онҳо  захира   гардидааст», —  гуфт  мудири  шӯъбаи  фарҳанги  ноҳияи  Восеъ  Субҳон Раҷабов  ва  афзуд, ки  «соли  сипаригардида  китобхонаҳои  ноҳия  аз  ҳисоби  идораи  фарҳанги  вилоят бо 514  нусха ва  аз  ҳисоби  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  бо 7440 нусха  китоб  таъмин  шудаанд». Мувофиқи суханони С.Раҷабов  бо ташаббуси соҳибкорони  ноҳия  4 бинои  китобхона  дар  соли  ҷорӣ   сохта  ба  истифода  дода  мешавад.  Дар  назди  шӯъбаи  фарҳанги ноҳия  театр — студияи «Аҷам», гӯруҳҳои  эҷодии   «Сеҳрангез», «Лабханд», дастаи тарона ва рақси «Чашма»,  гӯруҳҳои  оилавии  «Фалаки  Маҳмадсафар»   фаъолият  менамоянд, ки    айни  ҳол   намоишномаҳои  «Чароғи  уммат»  ва  «Тавҳид» — ро  таҳия  мекунанд.   

Февраль 2, 2010 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад