ДАР ҶАРАЁНИ ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТ ЯГОН ҚОНУНШИКАНӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУД
Хуҷанд, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Коршиносони созмонҳои байналхалқӣ — «Барои интихоботи одилона» (Украина, Киев) роҳбари коллегияи вакилони дифои шаҳри Маскав Сергей Мирзоев ва коршинос оид ба масъалаҳои ИДМ – и Думаи давлатии Федератсияи Русия дар масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия Бахтиёр Сатторӣ 27 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд изҳор намуданд, ки дар ҷараёни тайёрӣ ба маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ягон камбудӣ ё қонуншикании ҷиддӣ ба қайд гирифта нашуд. С.Мирзоев ва Б.Сатторӣ афзуданд, ки баъзе хилофкориҳои ночиз аз тарафи баъзе ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби сотсиал — демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба принсипи шаффофияти интихобот ягон таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Санадҳои қонунии Тоҷикистон марбут ба интихобот ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ буда, ба муташаккилона ва шаффоф гузаронидани интихоб комилан мусоидат менамоянд. Комиссияҳои интихобот ҳар муроҷиати ҳизбҳо ва номзадҳоро сари вақт ба ҳисоб гирифта баҳсу мунозираи бамиёномадаро фавран бартараф месозанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






