ДАР ҶАРАЁНИ ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТ ЯГОН ҚОНУНШИКАНӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУД

Февраль 28, 2010 11:00

Хуҷанд,  28  феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). – Коршиносони   созмонҳои байналхалқӣ — «Барои  интихоботи  одилона» (Украина, Киев)  роҳбари  коллегияи  вакилони  дифои   шаҳри  Маскав  Сергей  Мирзоев  ва   коршинос   оид ба  масъалаҳои  ИДМ – и Думаи  давлатии  Федератсияи  Русия  дар  масъалаи  муносибатҳои  Тоҷикистону  Русия  Бахтиёр  Сатторӣ  27  феврал   зимни  нишасти  матбуотӣ  дар   китобхонаи оммавии   ба  номи  Тошхоҷа  Асирии  шаҳри  Хуҷанд изҳор  намуданд, ки   дар  ҷараёни  тайёрӣ  ба  маъракаи  интихоботи   вакилони  Маҷлиси  намояндагон  ягон  камбудӣ  ё  қонуншикании  ҷиддӣ  ба  қайд  гирифта  нашуд.  С.Мирзоев   ва  Б.Сатторӣ   афзуданд, ки  баъзе  хилофкориҳои  ночиз  аз тарафи  баъзе  ҳизбҳои  сиёсӣ,  аз  ҷумла Ҳизби  сотсиал —  демократӣ ва  Ҳизби  наҳзати  исломӣ  ба   принсипи  шаффофияти   интихобот  ягон  таъсири   ҷиддӣ  намерасонанд. Санадҳои  қонунии  Тоҷикистон  марбут ба  интихобот  ба  меъёрҳои байналмилалӣ  мувофиқ  буда,  ба  муташаккилона   ва   шаффоф   гузаронидани  интихоб  комилан  мусоидат  менамоянд.  Комиссияҳои  интихобот  ҳар  муроҷиати   ҳизбҳо  ва  номзадҳоро   сари  вақт  ба  ҳисоб  гирифта баҳсу  мунозираи  бамиёномадаро  фавран  бартараф  месозанд.

Февраль 28, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа