ДАР ҶСК “СОҲИБКОРБОНК” МАЪМУРИЯТИ МУВАҚҚАТӢ ҶОРӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи иттилоъи маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон БМТ) имрӯз (11.02. с.2010) бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ба мӯҳлати шаш моҳ ҷорӣ гардид. Қарори мазкур аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бинобар аз тарафи ҶСК “Соҳибкорбонк”бо зарар анҷом додани фаъолияташ дар соли 2009, манфӣ будани сармояи танзимшавандаи он ва бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии бонк қабул карда шуд. Аз рӯзи қабули Қарори номбурда ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) боз дошта мешаванд, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмиядор, амонатгузор ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) доранд, ба маъмурияти муваққатӣ дода мешаванд. Кормандони роҳбарияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои монеъ шудан ба додани ҳамаи ҳуқуқҳо ба мудири маъмурияти муваққатӣ ё иҷрои ин ҳуқуқҳо аз тарафи вай ҳақ надоранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






