ДАР ХУҶАНД ДУ МАКТАБИ НАВИ ОЛӢ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 феврал дар маҷлиси Ҳукумат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки суръати сохтмони НБО «Роғун» тезонида, дар баробари ин ба сифати кор ва истифодаи сарфакоронаи масолеҳи сохтмон диққати асосӣ дода шавад. Зикр шуд, ки айни ҳол дар сохтмони ин нерӯгоҳ 7200 коргар, 630 мошину механизм ва 59 ташкилоти сохтмон иштирок дорад. Аз ин ҷумла, 10 ташкилоти сохтмонӣ аз Федератсияи Русия мебошад. Инчунин мувофиқи қарори дар ҳамин маҷлис қабулнамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мактабҳои нави олӣ — Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ ва донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи мазкур кушода хоҳанд шуд. Ғайр аз ин дар ин ҷо корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи ҷустуҷӯи геологии ашёи хоми радиоактивӣ» ташкил карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






