ДАР КӮЧАҲОИ ДУШАНБЕ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТРО МАНЪ МЕКУНАНД?

Февраль 4, 2010 12:20

    Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тавре Сардори Сараёсати ободонии шаҳри Душанбе С. Бобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  бо мақсади амалӣ намудани таъмиру аз навсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе ва беҳбуд бахшидани ҳолати техникии онҳо, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар як қатор кӯчаҳо азнавсозӣ ва таъмири асосӣ  гузаронида мешавад, ки дар натиҷа дар як чанд кӯчаҳои шаҳр муваққатан ҳаракати нақлиёт маън карда мешавад.       Ҳаракати нақлиёт муваққатан чунин сурат хоҳад гирифт: — Аз қисмати шарқии роҳи автомобилгарди кӯчаи Н. Қарабоев (аз хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Абай ва аз бурриши кӯчаи Деҳотӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ)  самти ҳаракат ба самти кӯчаҳои Р.Набиев, Борбад, Шестапавлов, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Деҳотӣ, Абай ва Қаҳҳоров аз 5 феврал то 30 июни соли 2010; кӯчаи Сино (аз бурриши кӯчаи Карамов то ҳалқаи хиёбони И. Сомонӣ) самти ҳаракат  ба  самти кӯчаи Карамов ва хиёбони  И.Сомонӣ аз 5 феврал то 1 майи  соли 2010; кӯчаи Шотемур (аз бурриши хиёбони Рӯдакӣ то ҳалқаи кӯчаи Дӯстии Халқҳо) самти ҳаракат ба самти кӯчаҳои М. Турсунзода, Бохтар, Ш. Руставелӣ, Ф. Ниёзӣ, Пушкин, Дӯстии халқҳо, Лоҳутӣ, Телман, Меҳнат, Заҳматобод, Бухоро аз 5 феврал то 25 апрели соли 2010.        Фармоишгари асосӣ — сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва истифодабарандагони  он хоҳиш менамояд, ки ҳангоми таъмири роҳҳо дар кӯчаҳои номбурда аз роҳҳои ҳамшафати он истифода баранд.    

Февраль 4, 2010 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад