ДАР КӮЛОБ САФИ БЕКОРӢ КАМ МЕГАРДАД
Кӯлоб, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Дар давоми соли гузашта Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва кордиҳандагон 95 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар онҳо 892 корхона иштирок намуда, 19718 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод шуда буд», — гуфт сардори Раёсати минтақаи Кӯлоб Сайдаҳмад Пириев. Ба гуфти ӯ тавассути ин ярмаркаҳо 431 нафар ба касбомӯзӣ, 557 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 738 ба кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, 158 нафар шахсони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат ба мисли дигарон рақобат карда натавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа ба кор таъмин шуданд, ки ба 73,5 % -и нақша баробар мебошад. Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба паст намудани сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд — гуфт Сайдаҳмад Пириев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






