ДАР СУҒД БОКСЧИЁНИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН ШУДАНД

Февраль 8, 2010 16:34

Суғд, 8 феврал.(АМИТ«Ховар»,Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Тибқи нақшаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд аз санаи  4 то 7 феврали соли ҷорӣ дар толори варзишии «Ҷашни»-и  шаҳри Хуҷанд, бо мақсади  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, густариши намуди варзиши бокс ва муайян намудани дастаи яккачини вилоят,  мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс байни варзишгарони соли таваллудашон 1992-1993 бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Варзишгарон дар вазнҳои аз 48 то 91кг. байни худ қувваозмоӣ намуданд. Ғолибон аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бо медалҳои тилло, нуқра ва биринчӣ инчунин бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.   

Февраль 8, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд