ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ ШИНОХАТИ ТОҶИК
Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар синни 62-солагӣ баъд аз бемории тӯлонӣ ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, роҳбари Театри «Аҳорун» Фаррух Қосимов шаби гузашта бо олами ҳастӣ падруд гуфт. Фаррух Қосимов дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони маъруфи театр ва синамои тоҷик Мушаррафа ва Муҳаммадҷон Қосимовҳо чашм ба дунё кушода аст. Фаррух Қосимов дастпарвари бахши ҳунарманди синамо ва театри Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Точикистон буда, фаъолияти ҳунарии худро аз Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз кардааст. Бо иҷрои нақшҳои асосӣ дар намоишномаҳо то коргардони театри мазкур муддати 20 сол фаъолият карда, чандин намоишномаҳоро дар ин театр ба саҳна гузошт. Инчунин бо дархости гурӯҳе аз ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, коргардонии ин гурӯҳро ба ӯҳда гирифта буд. Фаррух Қосимов, ҳамчун ҳунарпешаи маъруфи тоҷик баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Театри «Аҳорун»-ро таъсис дод. Намоишномаҳои «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон», «Раъно» ва ғайраҳо аз истеъдоди бузурги ин марди ҳунар шаҳодат медиҳанд. Ин намоишномаҳо дар кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Русия, Эрон, Белгия, Ӯзбекистон ва Лаҳистон борҳо ба намоиш гузошта шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






