ДАРСИ АМАЛӢ
Суғд, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои шаҳри Хуҷанд дарсҳои амалии таълими ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбӣ меомӯзанд. Яке аз чунин дарсҳои амалӣ дар қисми ҳарбии 3501 баргузор гардид. Зиёда аз 100 нафар хонандагон аз ҳаёти сарбозон шинос шуданд. Майори қисми ҳарбии 3501 Саид Умаров хонандагонро бо шарту шароит ва қисмҳои техникии қисми ҳарбӣ шинос намуда, яроқу аслиҳаҳое, ки хонандагон ба таври назариявӣ омӯхта буданд, амалан нишон дод. Сипас, хонандагон аз синфҳои махсуси таълимии қисми ҳарбӣ, хобгоҳ, ошхона ва машқҳои варзишии сарбозон дидан намуда, тасмим гирифтанд, ки боз дар оянда дарсҳои амалиро дар қисмҳои дигари ҳарбӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд, гузаронанд








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






