ДЕҲҚОНОН БОЗ 5 СОЛ НИГАРОН ХОҲАНД ШУД

Февраль 18, 2010 09:47

 Душанбе, 18 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Парки мошину трактории соҳаи аграрӣ хизмати худро пурра адо намуд. Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ  14 ҳазор тракторҳо мавриди истифода қарор доранд, ки мӯҳлати истифодабарии онҳо кайҳо гузаштааст. Кӯҳнашавии техника  хароҷоти сӯзишвориро 15 – 20 фоиз зиёд мекунад, ки ба нархи маҳсулот бе таъсир намемонад. Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ дар як сол ба 240 ҳазор тонна сӯзишворӣ ниёз дорад ва дар сурати 15 – 20 фоиз зиёд шудани хароҷоти сӯзишворӣ ин ниёзмандӣ ба 280 – 300 ҳазор тонна мерасад. Барои бо техникаи кишоварзӣ таъмин намудани  деҳқонон (фермерҳо) боз 7 ҳазор трактор лозим аст. Дар сурати ҳар сол ворид шудани 500 —  700  техникаи нав деҳқонон баъди 5 сол пурра бо техникаи кишоварзӣ таъмин мегрданд, — иброз доштанд дар Раёсати   ояндабинӣ ва сиёсати техникии  вазорати кишоварзӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар».   

Февраль 18, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд