ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БА УСУЛИ ИМТИҲОНИ ТЕСТӢ МЕГУЗАРАД
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли хониши 2009 ва як моҳи соли 2010 425 нафар донишҷӯён бо сабаби насупоридани санҷишу имтиҳонҳо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Донишгоҳ барномаи нави тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро таҳрезӣ менамояд. Тибқи барнома, дар соли 2010 – 2012 Донишгоҳ пурра бо усули имтиҳони тестӣ мегузарад. Алҳол дар 93 кафедраи Донишгоҳи миллӣ барои гузаштан ба шакли имтиҳони тестӣ тайёрии ҷиддӣ меравад. Устодон ба омӯзишу таълим аз диди нав менигаранд. Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри муҳайё намудани шароити эҷоду омӯзиш дар замони глобалӣ шудани илму дониш шароитҳои заруриро фароҳам меорад, зеро ин талаботи замон ва роҳбари давлат низ мебошад. Дар соли таҳсили 2009 – 2010 дар назди Донишгоҳи миллӣ литсейи равияи табиию риёзӣ кушода гардид, ки дар ҳа ёти мавҷудияти Донишгоҳ ин чизи нав аст,- иброз намуд ректори Донишгоҳ Н. Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






