Э.РАҲМОН: ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ШАФФОФ БА БОЛОРАВИИ ОБРЎИ ТОҶИКИСТОН МУСОИДАТ МЕКУНАД

Февраль 28, 2010 13:32

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуда, раъйи худро муайян кард.           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қатори мардуми сершумори мамлакат барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 16 — и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, раъйи худро муайян намуд.        Баъди овоздиҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чанд суоли намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум посух дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «интихобот ҳарчи озоду шаффоф ва демократӣ ҷараён бигирад ҳамон қадар ба болоравии обурўю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Аз ин хотир мо тамоми шароитро муҳайё намудем, то ки мардум озодона овоз диҳанд».

Февраль 28, 2010 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад