Э. РА&#1202МОН ДАР &#1206АМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ БАХШИДА БА 85 — СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ МИЛИТСИЯИ ТО&#1206ИК

Февраль 6, 2010 20:36

6 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 85 — солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик, ки  дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 85 — уми таъсисёбии милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоиҳои милитсияи тоҷик дар таърихи пуршебу фарози Тоҷикистон дар зарфи 85 соли фаъолияти ин мақомоти муҳими посдори оромию осоиш ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуда, хизматҳои шоёни таҳсини кормандони ин соҳаро дар даврони вазнину ҳассоси солҳои аввали истиқлоли давлатии Ватани азизи мо махсус таъкид намуд. Зимни ёдоварӣ аз корнамоиҳои ватандўстонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои низомӣ зикр гардид, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурўҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд. Таъкид гардид, ки дар роҳи барқарорсозӣ ва ҳифзи сулҳу суботи мамлакат зиёда аз 1500 нафар кормандони милитсия қурбон шуданд, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату мардонагии онҳоро ҳамеша пос медоранд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон  барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ дар назди халқу Ватан қариб 500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ёдоварӣ аз корнамоӣ ва хизматҳои шоёни мақомоти корҳои дохилӣ ҳамзамон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 6,7 фоизро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуд ва ба роҳбарияти ин ва   дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри дуруст ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти бенуқсон супоришҳои мушаххас дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура ва судҳо супориш дод, ки бо мақсади ташкили муборизаи самарабахш ба муқобили ҳама гуна қонуншиканиҳо ҳамкории созанда ва ҳамоҳангии хуби фаъолиятро миёни ҳамдигар таъмин намоянд. Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки доир ба тоза кардани сафҳои худ аз кормандони тасодуфӣ ва ашхосе, ки бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд, тадбирҳои қатъӣ андешанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронӣ бори дигар ҳозирин ва ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо солгарди 85 — уми милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба онҳо дар адои хизмати бошарафу пурмасъулияташон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуд.  Дар охири ҷамъомади тантанавӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии мамлакат Абдураҳим қаҳҳоров рутбаи навбатии махсуси генерал-полковноки милитсия дода шуд. Консерти бошукўҳ ва ҳазлу зарофатҳои ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ба ҷамъомади тантанавии идонаи бахшида ба солгарди 85 — уми таъсисёбии милитсияи тоҷик ҳусни анҷом бахшид.       

Февраль 6, 2010 20:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад