ФАЪОЛИЯТИ АВВАЛИН КОРХОНА ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Суғд, 4 феврал.(АМИТ«Ховар», Самад Юсуфӣ).-Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Реал» аз нахустин корхонаест, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ намудааст. Ин корхонаи навтаъсис бори нахуст истеҳсоли қубурҳои полиэтилениро ба роҳ монд. Истеҳсоли 16 намуди қубурҳои полиэтилении диаметрашон аз 15 то 450 мм дар «Реал» имкон медиҳад, ки ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид нагардида, дар дохил таъмин карда шавад. Коргоҳи истеҳсоли қубурҳо дорои 3 агрегат буда, 24 намуди он дар хати технологӣ, таҷҳизот ва дастгоҳҳои сохти навтарин истеҳсол карда мешавад. Қубурҳои полиэтилении истеҳсоли ин корхона чандир ва устувор ва ба сармою гармо тобовар буда, мӯҳлати истифодабарии онҳо то 50 сол муқаррар шудааст. Ба роҳ монда шудани ду намуди нокилҳои электрикӣ — яке барои системаи рушноидиҳи ва дуюми барои кашидани хатҳои барқ пешбини шудааст, низ вориди ин маҳсулоти ниёзи мардумро аз хориҷи кишвар кам мекунад. Маҳсулоти корхонаи «Реал» дар бозори дохили мавқеи худро пайдо кардааст ва харидорони доимии корхона АКТЕД, Суғдобсохтмон, Котиботи байналхалқи оид ба об, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






