ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СҲШ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Пекин, 4 феврал. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Муншии умумии Созмони ҳамкории Шанхай Муродбек Имоналиев 3 феврал дар Пекин изҳор намуд, ки созмон ҳамкориро дар соҳаи мубориза ба муқобили терроризм пеш аз ҳама дар самти Афғонистон пурзӯр менамояд. Қайд карда шуд, ки созмон қарор додаст фаъолияти худро ба муқобили террористон ва таъмини амнияти байналмилалӣ нисбат ба солҳои пештара афзунтар гардонад. М.Имоналиев зикр кард, ки созмон барои ҳалли проблемаҳои Афғонистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонд ва мерасонд. Ба қавли ӯ, ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон то ҳадди имкон дар ҳалли проблемаҳои Афғонистон саҳм мегузоранд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Сарвазири Русия Владимир Путин чанде пеш аз набудани фаъолияти муштарак ва мувофиқашудаи мамлакатҳои аъзои СҲШ дар масъалаи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буд. Муншии умумии СҲШ ёдовар шуд, ки ҳамаи давлатҳои аъзои созмон узви иттиҳоди зиддитеррористӣ мебошанд. Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 ташкил ёфта буд. Айни ҳол ба он Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар созмони мазкур мақоми мушоҳид доранд. Намояндаи Афғонистон низ дар ҳамаи маҷлису машваратҳои СҲШ ширкат меварзад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






