ФЕҲРАСТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОРИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, инчунин ба мақсади мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо-ҳамчунин мақомоти ваколатдори амаликунандаи сиёсати зиддимонополӣ, ҳамасола Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, муайян ва тасдик, мекунад. Ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукумфармо доранд, ба санаи 1 январи соли 2010 ба тасвиб расонида шуда, феҳристи нав нашр гардид. Дар ин феҳрист KBД «Ширкати алюминийи тоҷик», КБК «Пролетар» н.Ҷ, Расулов, ҶММ «Шохон» ш. Конибодом, КМ «Азот» Сарбанд, ҶСШК «Трансформатор» Қурғонтеппа, КМ «ВТ- Силк» Хуҷанд, КМ «Ҷавонӣ» Хуҷанд, ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» Душанбе, ҶСК «Лаъл» Хуҷанд, КМ «Оби Зулол» Истаравшан, ҶСП «Комбинати шири Душанбе», КФ «Евро тобакко-Тоҷик» Б.Гафуров, КВД «Тадҷиксемент» Душанбе, ҶММ «Вавилон-Т», ҶММ «Вавилон-М», ҶСП «ТТ Мобайл», КМ «Сомонком», ЦСП «Индиго Тоҷикистан», ҶММ«Таком», ҶСП «ТК-Мобайл», Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта», Ширкати давлатӣ оид ба суғуртаи инвеститсия «Тоҷиксармоягузор», ҶДММ «Ориён-иншуранс» Душанбе, ҶСК «Газпромнефт» Душанбе, ҶММ «Нури Дилшод» Душанбе, ҶММ «Умед — 88» Душанбе, Соҳибкори инфиродӣ Ф. Зульфикор Хакер Душанбе, ҶММ «Зет Газ» Душанбе, ҶММ «Тоҷирон» Душанбе, ҶММ «Фароз» Душанбе, Соҳибкори инфиродӣ Ф.Хочибоев, Иттифоки «Таджикматлубот», КВД «Тоҷик Дипсервис» Вазорати корҳои хориҷӣ, КВД «Нафту газ ва ангишт» Вазорати энергетика ва саноат, КВД «Хӯрокворӣ» Вазорати энергетика ва саноат, КВД «Моҳии Тоҷикистон» Вазорати кишоварзӣ, КВД «Маркази мутобиқи электромагнита ва радиомониторинг», Вазорати наклиёт ва коммуникатсия, Маъмурияти бахши тиҷоратӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумҳурии Точикистон соҳибкори инфиродӣ Шерматова Наргис, КВД «Точик Эйр», КВД оид ба нархгузорӣ. Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ, КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлати, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. КВД «Тоҷиккино» ва КВД Хочагии коммуналӣ манзилӣ шомиланд.