ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» АВҶ МЕГИРАД
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи ҳисоботҳои фаврии БДА «Амонатбонк» ва бонкҳои тиҷоратӣ дар рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» як миллиону 787 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз ҷумла, пули нақд як миллиону 729 ҳазору 300 сомонӣ ва маблағҳои ғайринақдӣ 58 ҳазру 500 сомониро ташкил намуданд. Аз маблағҳои ба суратҳисобҳои сохтмони НБО «Роғун» воридгардида ба вилояти Суғд — 772 ҳазору 900 сомонӣ, вилояти Хатлон — 625 ҳазору 300 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ — 167 000 сомонӣ ва шаҳри Душанбе — 222 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ ба санаи 6 феврали соли ҷорӣ, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо, бо назардошти кӯмакҳои молиявӣ 692 миллиону 308 ҳазору 250 сомонӣ ворид гардид. Аз ҷумла дар суратҳисобҳои БДА «Амонатбонк» — 35 778 731 сомонӣ; ҶСК «Ориёнбонк» -134 235 400 сомонӣ; ҶСК «Агроинвестбонк» — 107 653 200 сомонӣ; ҶСП «Тоҷпромбонк» — 5 940 700 сомонӣ; ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — 11 846 300 сомонӣ; ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-1 934 600 сомонӣ; ҶСП «Фононбонк» -2 132 000 сомонӣ; — ҶСК «Бонки Эсхата» -1 739 200 сомонӣ ва хазинадории Вазорати молия – 391 048 119 сомонӣ маблағ нигоҳ дошта шудааст. Фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НОБ Роғун» ва воридоти ҳаҷми умумии маблағҳо аз рӯи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ — ВМКБ — 9 миллиону 257 ҳазору 726 сомонӣ, вилояти Суғд — 155 миллиону 435 ҳазор 328 сомонӣ, вилояти Хатлон -107 миллиону 690 ҳазору 167 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ — 64 миллиону 674 ҳазору 931 сомонӣ ва шаҳри Душанбе -197 миллиону 839 ҳазору 518 сомониро ташкил намуд. Аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаҳои азим, бонкҳо ва шахсони ҳуқуқӣ бошад, 157 миллиону 410 ҳазору 580 сомонӣ ҷамъоварӣ шуд.