ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БА ТУРКМАНИСТОН МЕРАВАНД

Февраль 17, 2010 14:56

Душанбе,  17  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Аз  20 то  28  феврал дар  шаҳри  Ашқобод  барои    ба даст  овардани  Ҷоми  Президенти  Туркманистон  мусобиқаи  байналмилалии  футбол баргузор  мегардад. Имсол  дар  ин  мусобиқа   аз  7  мамлакат  8 даста иштирок  хоҳад  кард. Аз  Тоҷикистон  дар  мусобиқаи  мазкур   қаҳрамони  футболи  мамлакат – дастаи  «Вахш» — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа  иштирок  менамояд. Дастаҳо  барои  иштирок  дар  мусобиқа   ба ду гурӯҳ  ҷудо  карда  мешаванд. Дастаи  футболбозони  «Вахш» ба  гурӯҳи «А» дохил карда шудааст. Инчунин дастаҳои  «Гандзасар» — и   Арманистон,  дастаи  мунтахаби  Туркия   ва дастаи  футболбозони  «Олтин асир» — и  Ашқобод ба  ҳамин гурӯҳ  шомиланд. Ду  дастае, ки   дар  ин  гурӯҳҳо  ҷои  аввалро  ишғол  менамояд,  дар  қувваозмоии хотимавии  мусобиқа  иштирок  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   фонди  мукофоти  мусобиқа  35  ҳазор  доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад. Аз  ин  маблағ  барои  ҷои  аввал  20  ҳазор  доллар,  барои  ҷои дуюм  10  ҳазор  доллар  ва барои  ҷои  сеюм  5  ҳазор  доллар  мукофот  дода  мешавад.

Февраль 17, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд