ХАБАРНИГОРИ «ХОВАР» 55 СОЛА ШУД!

Февраль 23, 2010 10:08

Мӯҳтарам Самад Юсуфӣ Шӯъбаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шуморо ба муносибати шукуфтани 55-умин баҳори умратон сидқан шодбош мегӯяд, бароятон саломатӣ, умри дароз, бахту саодат ва пирӯзиҳои оилавӣ орзу мекунад. Меҳр бастан ба журналистика, хосатан, даст доштани фотожурналистика бароятон, албатта, бахти баланд аст. Зеро Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм карда, бист сол ба толибони илм дарс гуфтан, якбора роҳ овардан ба хабарнигорӣ ва ба он комёб шудан нишони ҳамон меҳр ва ҳамон бахт аст. Барои раёсати шӯъба пӯшида нест, ки Шумо ба шарофати дониши чуқур ва шавқи дарсгӯӣ, тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ба унвони Муаллими дараҷаи  олӣ расидед, дар кафедраи забони тоҷикии бахши Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кор карда, чун сармуаллим баҳо гирифтед. Аммо ҳамон орзуе, ки дар дил мепарваридед, Шуморо ба соҳаи журналистика овард. Навиштаҳо, махсусан, аксҳои бардоштаатон тариқи нашрияҳои «Нилуфар», «Саломат бошед», «Сухани халқ», «Лочин» пайваста интишор меёфтанд. Аз соли 2007-ум бошад, хабарҳои тозаи расонда  ва аксҳои бардоштаи Шумо бо имзои хабарнигори АМИТ «Ховар» рӯи чоп мебинанд. Пас, метавон гуфт, ки зина ба зина сабзидед ва муҳимаш, дар ҳақиқатнигорӣ бештар омил шудед. Мо аз он шодем, ки хидматҳоятон дар ривоҷи фотожурналистика қадр мегарданд ва ин албатта, боиси рӯҳбаландӣ, ба мавзeъ бо диди тоза нигаристан, дар ҷодаи ҳақиқатнигорӣ бештар муваффақият пайдо кардану сазовори унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» гардидани Шумо бишуд. Бо мавлуди шарифатон табрик гуфта, умед мекунем, ки фаъолиятатон дар нигориш назаррастар ва ба шарофати таъмини инъикоси воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ рӯшану диданӣ мешаванд. Зодрӯз муборак! Раёсати шӯъбаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Февраль 23, 2010 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст