ХАЗИНАДОРИ ҚАЛЛОБ МУАРРИФӢ МЕШАВАД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти ваколатдори фаврии шӯъбаи пешгирии коррупсия Шарифбек Шарифбеков, хазинадори филиали ҶСК «Агроинвестбонк» — и ноҳияи Рӯшон Додихудо Назархудоев дар давоми солҳои 2007 – 2008 бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, аз шаҳрванд З. Паллаев 39 ҳазору 60 сомониро бо мақсади дар номи бародараш Ф. Паллаев кушодани варақаи амонатӣ гирифта онро аз худ кардааст. Дар рафти санҷиш маблағи мазкур барқарор карда шуда, нисбат ба амали ноҷои Д. Назархудоев бо моддаи 247 (қаллобӣ) –и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Баъди тафтишоти пешакӣ парвандаи ӯро ба суд пешниҳод намуда, қаллобро ба мардум муаррифӣ мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






