КӮМАК БА ДОНШҶӮЁН
Файзобод, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод, Ҳуснигул Ҳалимова ба хабарнигори Амит «Ховар» иттилоъ дод, ки ба донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳҳои олӣ, ки иборат аз 92 нафар мебошанд, аз буҷаи маҳалли бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Бояд гуфт, ки вохӯрии дошҷӯён дар толори маҷлисгоҳи Кӯмитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Қимматгӯл Алибердиева муовини раиси ноҳияи Файзобод Фариштамоҳ Раҳматуллоева инчунин намояндаи кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Мавлуда Оймаҳмадова иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ ба 18 нафар донишҷӯёни болаёқат ба маблағи 100 сомонигӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро тӯҳфа намуданд, инчунин ба маблағҳои дастрас ба донишҷӯёни боқимонда кӯмак расонида шуд. Дар вохӯрии доиргардида оид ба таълиму тарбия, давомоти хониши донишҷӯён, ободии кишвар аз ҷониби ҷавонон, саҳми донишҷӯён дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ва тарзи одобу муоширати ҷавонон дар ҷомеъаи имрӯз аз тарафи масъулин суханронӣ намуданд. Дар охир суолу ҷавоб оид ба масоили мубрами рӯз байни донишҷӯён ва масъулин баргузор гардид ва ҳар яке ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






