КӮМАК БА ДОНШҶӮЁН

Февраль 15, 2010 16:04

Файзобод, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод, Ҳуснигул Ҳалимова ба хабарнигори Амит «Ховар» иттилоъ дод, ки ба донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ  дар донишгоҳҳои олӣ, ки иборат аз 92 нафар мебошанд, аз буҷаи маҳалли бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ кӯмак расонида шуд.                    Бояд гуфт, ки вохӯрии дошҷӯён дар толори маҷлисгоҳи Кӯмитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Қимматгӯл  Алибердиева  муовини раиси ноҳияи Файзобод Фариштамоҳ Раҳматуллоева инчунин намояндаи кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Мавлуда Оймаҳмадова иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ ба 18 нафар донишҷӯёни болаёқат ба маблағи 100 сомонигӣ саҳмияҳои  нерӯгоҳи Роғунро тӯҳфа намуданд, инчунин ба маблағҳои дастрас ба донишҷӯёни боқимонда  кӯмак расонида шуд. Дар вохӯрии доиргардида оид ба таълиму тарбия, давомоти хониши донишҷӯён, ободии кишвар аз ҷониби ҷавонон, саҳми донишҷӯён дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ва тарзи одобу муоширати ҷавонон дар ҷомеъаи имрӯз аз тарафи масъулин суханронӣ намуданд. Дар охир суолу ҷавоб оид ба масоили мубрами рӯз байни донишҷӯён ва масъулин баргузор гардид ва ҳар яке ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.                                                                                                                              

Февраль 15, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид