КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзҳои наздик аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ворид мегардад. Дар назар аст, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 1000 тонна биринҷ ва 1500 тонна равғани растанӣ ворид карда шавад. Чунин кӯмакҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби давлати Қазоқистон бори аввал нест. Дар давоми солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба аз кӯмакҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бархӯрдор гардидааст ва дар оянда ҳам бархӯрдор хоҳад шуд, — иброз доштанд дар сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҷумҳурии Қазоқистон дар давраи ба зимма доштани раисии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо як қатор ӯҳдадориҳоро дар бораи амалӣ намудани манфиатҳои минтақаи Осиёи марказӣ ба нақша гирифтааст, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳамаи давлатҳои минтақа муносибати неки ҳамсоягиро пеш гирифтааст ва дар ҳалли бисёр масъалаҳо кӯмаки беғаразона хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






