КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 22, 2010 09:43

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзҳои наздик аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ворид мегардад. Дар назар аст, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 1000 тонна биринҷ ва 1500 тонна равғани растанӣ ворид карда  шавад. Чунин кӯмакҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби давлати Қазоқистон бори аввал нест. Дар давоми солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба аз кӯмакҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бархӯрдор гардидааст ва дар оянда ҳам бархӯрдор хоҳад шуд, — иброз доштанд дар сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон  ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҷумҳурии Қазоқистон дар давраи ба зимма доштани раисии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо як қатор ӯҳдадориҳоро дар бораи амалӣ намудани манфиатҳои минтақаи Осиёи марказӣ ба нақша гирифтааст, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳамаи давлатҳои минтақа муносибати неки ҳамсоягиро пеш гирифтааст ва дар ҳалли бисёр масъалаҳо кӯмаки беғаразона хоҳад кард.

Февраль 22, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид